Умеди зинда пайдо кардани одамон дар бинои 12-табақаии фурӯрафтаи Майамӣ барбод шудааст
Чоп шуд: 08/07/2021 | redaktor
Ду ҳафта пас аз фурӯ рехтани як бурҷи 12-табақаи дар соҳили ҷанубии Флорида мақомот мегӯянд умедҳо ба мавҷудияти шахсони зинда зери бино барбод шудаанд ва акнун марҳилаи дуюми корҳои имдоду наҷот шурӯъ мешаванд, ки ҳадаф аз он берун овардани ҷасади қурбониёни ин фоҷеа мебошад. Маъмурон то кунун ҷасади 47 қурбонии ин воқеъаро пайдо кардаанд, аммо бино ба маълумоти пешакӣ бештар аз 90 нафари дигар бояд зери ин бинои фурӯғалтидо мавҷуд бошанд.