COVID-19: Шумори гирифторон дар олам ба 193 миллион наздик мешавад. Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта 63 сироятшудаи нав сабт шудааст
Чоп шуд: 22/07/2021 | admin
Шумори гирифторон ба коронавиурс дар ҷаҳон ба 192 миллиону 714 ҳазору 680 нафар расидааст ва фавтидагон аз Covid-19 4 миллиону 140 ҳазору 479 нафар эълон шудааст. Шоми 21 июли соли равон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 63 ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ва марги боз як нафар аз ин беморӣ хабар дод. Ин манбаъ гуфт, ки 45 нафар баъди шифо ба хонаҳояшон баргаштаанд.