Ба ғолибони радиовикторина мукофотҳо супурда шуданд

21 октябри соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии нахди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тақдими мукофотҳо ба ғолибони радиовикторина бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд. Панҷ нафар ғолибони ин радиовикторина бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои умкофотонида шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои сокинони кишвар, ҳамчунин омӯзиши онҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мунтазам дар байни ҳамаи қишрҳои аҳолӣ чорабиниҳои гуногуни оммавии тарбиявӣ мегузаронад. Бо дарназардошти шаффофияти озмун тасмим гирифта шуд, ки радиовикторинаи навбатӣ даҳ дақиқа пештар аз оғози барнома аз тариқи ВАО эълон шавад.  

Дар радиовикторинае, ки рӯзи 13 октябри соли 2021 аз тариқи “Радиои Ватан” бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба муҳити зист баргузор гардид, ба шунавандагон дар низоми онлайн дар мавзӯъи ҳолатҳои фавқулода ва роҳҳои бартараф намудани паёмадҳои офатҳо суолҳо ироа шуданд.

Дар маросими тақдими мукофотҳо намояндагони Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ва кормандони КҲФ ширкат доштанд. 

Ғолибонро роҳбарони КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист муборакбод карданд ва изҳори умед намуданд, ки онҳо дар оянда низ фаъол хоҳанд буд ва дар чорабиниҳои дигар ширкат хоҳанд кард. 

барчасп: