Ҳушдор аз ҳавои номусоиди рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки ша меборад бонарӯзи оянда дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар баландиҳои беш аз 2000 метр барфи тар ва дар баъзе аз ин  манотиқ барфи шадид меборад.

Дар роҳҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ эҳтимолан ҳавои тира ба ҳаракати мошинҳо халал эҷод мекунад. КҲФ хотиррасон мекунад, ки рӯзҳои 22-23 октябри соли 2021 ҳарорати ҳаво аз 7 то 12 дараҷа коҳиш меёбад. 
22 октябр дар як қатор ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шамоли сахт дар назар аст. Бод ба шиддати 17-22 метр дар як сония мевазад, дар ноҳияҳои ҷануби кишвар хокбориш низ дар назар дошта шудааст. Бино ба маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои 23-24 дар баъзе ҷойҳо теман мефарояд. 
Дар натиҷаи боронҳои пуршиддати тирамоҳӣ эҳтимоли боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон, Ёхсу, Қизилсу (поён) вуҷуд дорад, дар роҳҳои кӯҳи  кишвар , бахусус дар роҳҳои мошингарди Душанбе - Айнӣ, Душанбе - Рашт -Лахш, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Кӯлоб – Шоҳин- Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим эҳтимоли резиши санг басо зиёд аст. 
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатарии сӯхторро ҳангоми истифода аз дастгоҳҳои гармидиҳандаи барқӣ риоя кунанд ва дар истифодаи нерӯи барқ низ сарфаҷӯӣ кунанд. 
Ҳамчунин ронандагон бояд ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, резиши санг ва туману торикӣ дар роҳҳо мушкилро дучанд мекунанд. Аммо риояи қоидаҳои ҳаракат ва фосилаи байни мошинҳо гарави аслии бехатарӣ дар роҳҳост. 
Ҳангоми ба вуҷуд омадани вазъи номуносиб ва ё ҳолати фавқулода бо рақами 112 ва ё ба Қисми навбатдорӣ бо телефонҳои  223 13 11, 93 880 28 19 занг занед.

 

барчасп: