“Чакомаи гесӯ” ва чанд озмуни дигар дар рӯзҳои Наврӯзи дилафрӯз

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бар асоси нақшаи чорабиниҳои баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳо, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2019-2021 аз ҷонибии Шўрои бонувони Раёсат чорабиниҳои “Чакомаи гесў, ороиши мўй, рўй, тарзи ҳаракати мавзун, фарҳанги муоширати духтарон”, “Озмуни кадбонуи беҳтарин”,

Сарватмандтарин марди Ҷумҳурии Чех дар суқути чархбол дар Аляска ба ҳалокат расид | Видео

Дар садамаи маргбори чархбол дар Аляска сарватмандтарин шахси Ҷумҳурии Чех, соҳибкори маъруф Петр Келлнер ба ҳалокат расид. Ӯ соҳиби бонки “Ҳоум Кредит” аст, ки дар Русия фаъолият мекунад. Пештар шабакаи мағозаҳои машҳури фурӯши техникаи маишии “Элдорадо” мутааллиқ ба вай буд.  Ахиран маҷаллаи Forbes сармояи ӯро 17,5 миллиард доллар эълон карда буд. Чархболи  Airbus AS350 B3

Наҷоти як духтари 15-сола дар Хуҷанд, ки мехост худкушӣ кунад

Имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чанд соат пештар як духтари 15-солаеро наҷот доданд, ки ба қасди худкушӣ худро ба дарёи Сир афканда буд. Хабари худро ба дарё сарозер кардани ин духтар соати 12:20 дақиқа расид ва наҷотдиҳандагон фаврӣ ба ҷойи ҳодис а ҳозир шуданд.

Интиқоли сокинон ба макони амн. Идомаи корҳои барқароркунии ҳолати садамавӣ дар садди ҳифозатии дарёҳои Ёхсӯ ва Сурхоб

28 – уми марти соли 2021 дар натиҷаи боронҳои шадид дар наздикии Чорчашмаи деҳаи Лағмони ҷамоати Кӯлоби шаҳри Кӯлоб, мавзеъи Хоҷаи Шоми деҳаи Гултеппаи ҷамоати деҳоти Х.Раҷабов ва ҷамоати ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон болоравии сатҳи оби дарёҳои Ёхсӯ ва Сурхоб ба мушоҳида расид, ки ин ба ҳолати садамавии сарбанди дарё оварда расонд.

Бисту як тармаву 9 сели як шабонарӯз дар қаламрави ВМКБ

Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи боришҳои шадид дар қаламрави ВМКБ 21 ҳодисаи лағзиши тарма, 9 сел ва 4 резиши санг ба қайд гирифта шуд. Чунончӣ,  28 – уми март дар қаламрави ноҳияҳои Ванҷ, Роштқалъа, Шуғнон, Рушон, Ишкошим ва Мурғоб ҳодисаҳои лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сангу рег сабт шуд, ки дар натиҷа роҳҳои мошингард дар қитъаҳои гуногун муваққатан баста шуданд.

Страницы