Чаро тӯфонҳо бештар номи занона доранд? Ва чаро ҷопониҳо ба тӯфонҳои харобкор номи занона намегузоранд?
Чоп шуд: 03/08/2021 | admin
Асли суол бояд ин гуна буда бошад, ки чаро аслан тӯфонҳоро номгузорӣ мекунанд ва ин кор аз кай шурӯъ шуда? Посух ҳам хеле кутоҳ аст: аз он сабаб, ки онҳоро ба ҳам наёмезанд, чун тӯфонҳо ҳар сол зиёд рух медиҳанд ва бояд ҳадди харобиву қувваи он аз ҳам фарқ карда шавад. Бахусус вақте дар як ноҳия якбора чандин тӯфони тропикӣ рух медиҳад.