Ширкати намояндагони Тоҷикистон дар Форуми Тошканд

Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд Форуми минтақавии  ҷаласаи сарварони идораҳои наҷоти кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз ба кор кард.

Дар кори ин форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода ширкат мекунад. 

Дар ҷараёни ин ҳамоиш иштироккунандагон як қатор лоиҳаҳои муҳимеро, ки татбиқи онҳо боиси баланд шудани самаранокии кор дар самти пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи наздимарзӣ хоҳанд шуд, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. 

Аз ҷумлаи ин лоиҳаҳо татбиқи технологияи инноватсионӣ дар кори муҳофизати қаламрав ва аҳолӣ аз офатҳои табиӣ мебошад.

барчасп: