Дар вилояти Суғд бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист, машварат - тренинги дастурдиҳӣ ба хотири огоҳонӣ аз офати фалокатовари заминларза баргузор шуд.
Дар ҷараёни машварат намояндагони бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар минтақаи зилзилахез ҷойгир шудаву пайваста дар кишвари мо заминларзаҳои шиддаташон гуногун ба қайд гирифта мешаванд. Аз ин рӯ, ҳамеша ба аҳолӣ омӯзонидани амалҳо ва қоидаҳои бехатарӣ ҷиҳати коҳиши хатари ин гуна офатҳ, расонидани ёриҳои аввалин ба осебдидагону ҷароҳадбардоштагон зарур аст.
Сардори шӯъбаи кор дар марказҳои таълимӣ-методии вилоятҳо ва курсҳои минтақавии Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Маҳмадтоҳир Гадоев доир ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (СOVID-19) ва идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва ҷалби қувва ва воситаҳои низоми ягонаи давлатии пешгирии рафъи ҳолатҳои фавқулоддаро бо истифода аз слайдҳо, видеороликҳо маълумот доданд.
Шейк аут машқи омўзишиест, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон ҷиҳати омодагӣ ба заминларза ва ҳифз намудани хонандагону шаҳрвандон гузаронида мешавад. Ин усулро олимон ҳамчун беҳтарин восита ҳангоми рух додани заминларза тавсия менамоянд.
Дар поёни машварат барои иштирокдорон маводҳои омўзишӣ дар шакли электронӣ ва ҳам чопӣ, бо теъдоди 5000 адад, китобчаҳо ва плакатҳои тақсим карда шуданд. Ин воситаҳои таблиғи бо маблағгузории Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист таҳия ва чоп шудаанд.
Ш.Бутаева