Ӯ кист: муаллим, наҷотбахши кӯдакон, қаҳрамони давр, ё паҳлавони хоксору соддаи кӯҳистон... Исми зебои ин таҳаматан -Рамазон аст, паҳлавоне, ки дар майдони набарди нобаробар хирсро мағлуб кард. Ҳайвони азимҷусса пас аз ҳарбу зарб ва "гӯштин" бо Рамазон аз "размгоҳ" гурехт.
Қисса ин ҷост, ки чанд наврас аз деҳаи Вишхарваки ноҳияи Ванҷ барои ҷамъ кардани ҳезум ба ҷангали деҳаи Ғӯмаст мераванд. Пас аз муддате хирси бадҳайбат пайдо шуда, ба сари атфол ҳамла мекунад. Дар ин миён яке аз кӯдакон аз пой афтода, зери чанголи хирс мемонад. Ҳаёҳу ва доду шевани онҳоро шунида, мардум ба кӯмакашон мешитобанд. Навҷавони афгору хуншорро аз дами дандони хирс раҳо мекунанд, аммо чанд ҳамсоли дигари ӯ аз тарс дар ҷангал пинҳон мешаванд.
Акнун ба ҷони наврасони дар ҷангал боқимонда ҳар лаҳза хатар таҳдид мекард, зеро хирс ҳам аз ҷангал берун нарафта буд. Дар ин ҳангом муаллим Рамазон Синонов, ки ба ҷустуҷӯи тифлакон баромада буд, бо хирс сарбасар мешавад. Дигар ҷои гурез ва ақиб гаштан набуд. Онҳо бо ҳам даргир мешаванд. Рамазон-паҳлавон, ки аз гӯштин бохабар буду дар ҷавонӣ хуб майдондорӣ мекард, хирсро 2 маротиба бо усулҳои сари китфу ҳалук (алик) ба замин мезанад, аммо ҳайвони тану тӯшдор (аз 300 кило вазни бештар дошт) чанд ҷои бадани Рамазонро ҷароҳатдор мекунад.
Набарди онҳо то даме идома дошт, ки мардум аз қазия бохабар шуда, бо сангу чӯбу оҳан ба наздашон расиданд...
Хирс аз ғалоғулаву шавқуни сокинон тарсида, рӯ ба гурез ниҳод...
Ҳоло Рамазон ва навраси ҷароҳатбардошта дар бемористони марказии ноҳия таҳти муолиҷа қарор доранд.
Рамазон ҳамсолу ҳамсини ман аст. Дар мактаби рақами 1-и деҳаи Ғҷовасти ноҳияи Ванҷ бо ҳам таҳсил кардаем. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмӯъмин Раҳимов буда, ҳоло дар омӯзгор аст. Ҳунарманди чирадаст, чӯбкор, устои хонасоз ва наҷҷори хуб аст. Чанд сол қабл ҳамсараш аз олам даргузашт ва ӯ тарбияи 5 фарзандашро танҳо ба зимма дорад...
Аз Худои таъоло барои Рамазон-паҳлавон ва ун навраси захмишуда талаби шифои комилу оҷил дорем.
Аз саҳифаи Хилватшоҳ Маҳмуд дар Фейсбук