Захираи молҳои ғайриғизоӣ ғанӣ шуд. Ин молҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ба ниёзмандон тақсим хоҳанд шуд

Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, инчунин расонидани ёрии таъҷилӣ ба аҳолӣ ҳангоми офатҳои табиӣ, имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили ёрии башардӯстонаи Агентии Оғохон оид ба муҳити зист бо сармоягузории Агентии рушд ва ҳамкориҳои Швейтсария баргузор гардид.

Санади таҳвилро Раиси Кумита генерал-полковник Рустам Назарзода ва Директори кулли Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ҷаноби Ҳодӣ Хусанӣ имзо карданд.

Ба рӯйхати кумакҳои башардӯстона, ки барои омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ пешбинӣ шудаанд, чунин ашёи ғайриғизоӣ, аз қабили матрас-2000 дона, болишт-2000 дона, катони кат-2000, бастаҳо барои ошхона -400 адад, дастмолҳо-2000 дона, сатили металии ғунҷоишаш 9 литр-1200 ва банкаҳои пластикӣ бо ғунҷоиши 20 литр моеъ дохил мешуданд.

Раиси КҲФ ба роҳбарони Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ барои ин кумакҳои бедареғашон изҳори сипос намуд ва зикр кард, ки инҳо барои зарардидагон аз офатҳои табиӣ тақсим карда хоҳанд шуд.

Ҳамаи ин ашёи тақдимшуда дар анборҳои КҲФ нигаҳдорӣ мешаванд ва дар ҳоли ба вуҷуд омадани ин ё он ҳодисаи фавқулода ё офати табиӣ ба ниёзмандон ба истифода тақсим карда хоҳанд шуд.

барчасп: