Партоби 12 мушаки зидди жола дар фазои боронии ноҳияҳои Данғара ва Кушониён
Чоп шуд: 06/05/2021 | redaktorХадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4-уми май бо партови 12 мушаки зидди жола дар фазои ноҳияҳои Данғара ва Кушониён 5 минтақаи хавфноки жоларезро безарар гардонд.
Аз ҷумла, шоми рӯзи 4-уми май аз соати 21: 27 то 21:28 дақиқа ба абрҳои жолаовари фазои боронии ноҳияи Данғара 12 мушак партоб шуд ва 4 минтақаи жоларез безарар гардонида шуд.