Бар асари боронҳои шадид дар баъзе минтақаҳои кишвар сел омад. Аз ҷумла, дар қаламрави Оби Гарм ва Сичароғи шаҳри Роғун кӯҳпорае канда шуд ва муваққатан роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахшро дар километри 76 то 86 баст. Барои бартараф намудани паёмади ин офати табиӣ фавран чораҳо андешида шуданд ва бо ёрии техникаи махсус роҳ поккорӣ ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд.
Сел дар дуҳаи Угуки ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бахше аз заминҳои кишоварӣ ва қитъаҳои ёрирасони наздиҳавлигиро зери об кардааст. Дар ҷойи ҳодисаи Комиссияи ноҳияҳоии ҳолатҳои фавқулода фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки ҳавои номусоид ва боронҳои шадиду селовар то рӯзи 7-уми май идома мекунад. Дар ин рӯзҳо лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сел дар ноҳяҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, водиҳо ва роҳҳои мошингарди кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин ҳавошиносон болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳоро низ пешгӯӣ мекунанд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад ҳушёриро аз даст надиҳанд ва ҳамеша эҳтиёт кунанд.
МАТОЛИБИ ҲАМСОН