Партоби 12 мушаки зидди жола дар фазои боронии ноҳияҳои Данғара ва Кушониён

Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4-уми май бо партови 12 мушаки зидди жола дар фазои ноҳияҳои Данғара ва Кушониён 5 минтақаи хавфноки жоларезро безарар гардонд.

Аз ҷумла, шоми рӯзи 4-уми май аз соати 21: 27 то 21:28 дақиқа ба абрҳои жолаовари фазои боронии ноҳияи Данғара 12 мушак партоб шуд ва 4 минтақаи жоларез безарар гардонида шуд.

Худи ҳамин рӯз 3 мушаки зиддижола барои бартараф кардани хатар дар минтақаи ноҳияи Кушониён ба фазо партоб шуд.

Аз аввали мавсими боронии имсола дар маҷмӯъ 48 мушаки зидди жола барои бартараф кардани хатари резиши жола дар 12 минтақаи хавфнок истифода шудааст.

Гуфтанист, ки мавсими имсола аз 28-уми март оғоз шуд ва бори аввал нимишабии 7-уми апрел бо истифода аз ду мушаки зидди жола як минтақаи жоларез дар фазои шаҳри Турсунзода безарар гардонида шуда буд.

Маврид ба ёдоварист, ки партоби мушакҳои зидди жола ба ҳадафи ба борон табдил додани абрҳои жоларез дар чандин минтақаҳои кишвар сурат мегирад. 

 

Фариштамоҳ Шафиева,

корманди Хадамоти зидди жола.

барчасп: