Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд аз ҷониби Шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар асоси Нақша чорабиниҳои асосии вилояти Суғд оид ба масъалаҳои мудофиаи гаржданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзуи “Амали ҳайати роҳбарикунанда қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи шаҳр ҳангоми боридани боронҳои пай дар ва омадани сел” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд подполковник Холмаҳмад Холов ва лейтенант Саидсултон Акилов ширкат карданд.
Дар рафти машқ хадамотҳои мудофиаи гражданӣ аз ҷумла, хадамотҳои оташнишонӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, тиббӣ, барқ, алоқа, беҳдоштӣ, роҳ, муҳофизат аз селҳо, ва ғайра бо ҷалби техника ширкат карданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳангоми гузаронидани машқ хадамоти роҳ ва хамуҳофизат аз селҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи сарбанди канали пойгоҳи обкашии Нилуфар бо ҷалби 11 адад техникаҳои муҳандисӣ зиёда аз 200 метр корҳои соҳилбандиро анҷом дода, минтақаҳои осебпазири сойро аз партову сангҳои калонҳаҷм тоза карданд.
Инчунин ба машқ зернизомҳои ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Панҷакент дар машқ ҷалб карда шуданд.