Ду ғарқшуда дар рӯди Сир дар як рӯз. Наҷоти модари ду фарзанд дар рӯди Кофарниҳон

Зарфи як шабонарӯз ду нафар дар натиҷаи оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъи Сирдарё ба ҳалокат расидааанд. Дар хабари Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфта мешавад, ки яке аз ин афрод 15 сол доштаву дуюмӣ 19 сол. Яке зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дуюмӣ сокини шаҳри Панҷекат.

Анҷоми давраи омӯзишии самтҳои ҳалатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва Нақшаи пуррагардонии Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита дар соли хониши 2021 рӯзҳои 27-28 майи соли 2021 дар Марказ курси омўзишӣ доир ба самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Насби лавҳаҳои таблиғотӣ дар соҳили обҳои вилояти Суғд

Вобаста ба калон будани ҳудуди обии вилояти Суғд ҳодисаҳои ғарқшавӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ба шумор меравад. Аз ин р, ин масъалаи мубрам зери назорати қатъии Роҳбарияти Раёсат қарор гирифта шуда, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вобаста ба оғози мавсими оббозӣ  пурзўр карда шуда, як қатор корҳои омодагӣ ба мавсим аз тарафи шахсони масъул ба сомон расонида шуда истодаанд.

Семинари омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагони минтақаи Рашт

Дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, аз 26 то 28 майи соли 2021 семинари омӯзишӣ дар мавзӯи " Кор бо боқимондаҳои инсон дар ҳолатҳои фавқулодда" баргузор гардид, ки дар он наҷотбахшони КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт иштирок намуданд.

Бархӯрди ду мошин дар ноҳияи Ғафуров. Як ронанда маҷрӯҳ шуд

Нимишабии 28-уми майи соли 2021 ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар расид, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳаи Сартуқай, мавзеъи пули Дӯстӣ садамаи нақлиётӣ рух додааст.

Як мошини тамғаи Хундай-Портер, ки аз ҷониби як ронандаи

Страницы