Рӯзи 7 июни соли 2022 дар қисми ҳарбии 45989-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳорӣ баргузор шуд.
Дар ин маросим муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Ҳотамшо Латифзода, муовини якуми раиси ноҳияи Вахш Абдуалимзода С. ва намояндагони мақомоти қудратии ноҳияи Вахш, волидони наваскарон, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои атрофи қисми ҳарбӣ иштирок намудаанд.