Мулоқоти Раиси КҲФ бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Р.Назарзода ҳайати Бонки Осиёии Рушдро таҳти роҳбарии Директори шуъбаи захираҳои табиӣ ва кишоварзӣ дар Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии БОР Хонум Ясмин Сиддиқӣ ба ҳузур пазируфт. Ин мулоқот дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», ки дар шаҳри Душанбе мегузарад, баргузор шуд.

Ҳадафи аслии вохӯрӣ баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи КҲФ ва БОР ва татбиқи як қатор пешниҳодҳо дар доираи “Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ” буд.

Зимни вохӯрӣ роҳбари КҲФ меҳмононро дар бораи фаъолияти КҲФ, воҳидҳои сохтории он ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ шинос намуд. Ҳамчунин, раиси КҲФ дар бораи ҳолатҳои фавқулоддае, ки соли равон дар кишвар рух додааст, маълумот дод. Ҳамзамон дар бораи ҷараёни иҷрои татбиқи тарҳҳои муштарак иттилоъ дод.

Хонум Сиддиқӣ аз пазироии гарм ва суҳбати самимӣ изҳори сипос намуд ва изҳор дошт, ки танҳо ҳамкориҳои созандаву муфид метавонад ба нафъи некуаҳволии халқи тоҷик бошад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи дурнамои ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор намуда, инчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

барчасп: