Заминларза дар Тоҷикистон. Бе талафоти ҷониву хисороти дигар
Чоп шуд: 25/01/2022 | redaktor
Рӯзи 25 январи соли 2022, соати 06:41 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба гузориши Институти геологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон маркази ин заминларза 44 километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт дар 103 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе буд.
Қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл ва дар ноҳияи Рашт 2-3 балл буд.