Садамаи марговар дар як шоҳроҳи Душанбе. Ду навҷавон ба ҳалокат расиданд, 9 мусофири автобус ҷароҳат бардоштанд

Садамаи марговар

5 июни соли 2022 соати 09:16 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳуку мати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари садамаи мошин дар қаламрави шаҳри Душанбе расид. Мошини тамғаи «Toyota Camry», ки аз ҷониби як сокини 18-солаи пойтахт идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз тариқи пули “Путовский” ба автобуси мусофиркаши шаҳрӣ бархурд.

Дар натиҷаи ин садмаи мудҳиш ронанда ва мусофири он, ки ӯ низ сокини пойтахт мебошад, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. 9 нафар мусофирони автобус низ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҳамаи онҳо ба Маркази миллии тиббии “Шифобахш” интиқол дода шуданд. 

Имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо истифода аз таҷҳизоти махсус  аз дохили мошини садамадида ҷасадҳоро берун оварданд ва онҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми мошинронӣ суръати ҳаракатро боло набаранд, қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.

барчасп: