26 сироятшуда дар шабонарӯз. Вазорати тандурустӣ омори нави мубталоён ба коронавирусро нашр кард
Чоп шуд: 24/01/2022 | redaktor
Рӯзи 23 январи соли 2022 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сирояти 26 нафар ба COVID-19 хабар дод. Дра хабари дафтари матбуотии ин ниҳод о мадааст, ки дар маҷмӯъ аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17180 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Тибқи ҳамин омор то санаи зикргардида 16971 нафар (98,9%) шифо ёфтаанд. Инчунин, то ҳол аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.