Субҳи рӯзи 31-уми май навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намудор шудани ҷасаде дар соҳили рӯди Душанбе, дар шафати боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Умари Хайём хабар дод.
Бо дарёфти хабар Дастаи зудамали Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса равон шуд. Онҳо ҷасадро бо истифода аз таҷҳизоти махсуси наҷот аз поён ба боло бароварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Ҷасад марде буд ба тахмин 45-50 сола, ҳуввияташ номаълум.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян кардани шахсияти фавтида ва сабабҳои маргаш тафтишот оғоз карданд.