Рӯзи 1 – уми июни соли 2022, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳолати омодагии бехатарии шаҳрвандон ба мавсими оббозии соли 2022 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе МД “Маркази хизматрасонии обшорон”-ро аз назар гузарониданд.
Гуфтанист, ки ин чорабинӣ бар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 декабри соли 2021, №765 “Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022” роҳандозӣ шуд.
Инчунин аз тарафи гурўҳи корӣ бо коргарон, шахсони масъул ва назоратчиёни МД “Маркази хизматрасонии обшорон” корҳои таблиғотии риоя намудани қоидаҳои шиноварӣ гузаронида шуда, китобчаҳо (буклетҳо) тақсим карда шуданд.