Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон билохира баъди ҷустуҷӯҳои дурӯза ҷасади як сокини 18-солаи шаҳри Ваҳдатро, ки дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шуда буд, пайдо карданд ва ба кормандони милитсия супурданд.
Номбурда рӯзи 2-уми июн ғарқ шуда буд ва то ҳол сабаби ин ҳодиса маълум нест. Аммо тибқи маълумоти пешакӣ ин ҷавон замоне ғарқи об шудааст, ки дар як макони мамнуъ моҳигирӣ мекардааст.
Аз рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунад ҳангоми оббозӣ ва ё моҳидорӣ аз маконҳое истифода кунанд, ки иҷозат дода шудаанд. Риояи қоидаҳои бехатарӣ шуморо аз хатарҳои эҳтимолӣ нигоҳ медорад.
Ҳамчунин 3 июни соли 2022 соати 22:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини хиёбони Рӯдакӣ 150 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад ва хабар дод,ки дари манзилаш баста шудаву имкони вуруд надорад ва тифлонаш дар хона танҳоянд.
Имдодгарони Раёсати КҲФ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус дари хонаи ин хонумро боз карданд ва кӯдаконашро аз танҳоӣ наҷот доданд.
Кӯдакон ба ёрии тиббӣ эҳтиёҷ надоштанд.