Боздиди ноиби Президенти БОР аз КҲФ

8 июни соли 2022 Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд (БОР) ҷаноби Шиксин Чен аз Хадамоти зидди жола Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ш. шахри Хисор дидан намуд.

Зимни боздид ӯ бо кори дастгоҳи нави радарии DMRL - ​​C - 5 ва корҳое, ки дар доираи лоиҳаи муштараки Бонки Осиёии Рушд ва КҲФ амалӣ мегарданд, шинос шуд.

Раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Р.Назарзода дар бораи он, ки дастгоҳи радарӣ дар системаи пешгӯӣ ва пешгирии омилҳои хатарноки метеорологӣ объекти муҳим буда, барои ҳифзи зироатҳо, боғҳо, токзорҳо ва дигар зироатхо аз жола хидмат мекунад, нақл кард. Қайд намуд, ки пешгӯиҳои ин дастгоҳ дар кори худ на танҳо аз ҷониби мутахассисони Хадамоти зидди жолаи КҲФ, балки Вазорати кишоварзӣ, Агентии мелиоратсия ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ва дигар вазорату идораҳои манфиатдор низ истифода мешаванд. 

«Ин таҷҳизот дорои имконоти васеъ буда, қаламрави то 250 км-ро назорат мекунад, маълумоти дарёфтиро фавран интиқол медиҳад ва маълумоти заруриро қабул мекунад. Ҳамзамон он миқдори барфи ҷамъшуда, ях, ҳамчунин андоза, шакл, навъи абрҳо, паёмадҳо ва навъи боришро муайян карда, мавҷудияти жола дар таркиби ин абрҳо ва гуногунии онро нишон медиҳад”, - зикр намуд Раиси КҲФ.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дастгоҳи радарӣ метавонад шиддати боришотро муайян кунад, ки дар заминаи он мутахассисон дар рӯи замин ҷойгоҳи сел, ярч ва ҳамчунин жола ва шамоли сахтро пешгӯӣ мекунанд.

Дар навбати худ, ҷаноби Чен дастгирии БОР-ро аз афзалиятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва расонидани кӯмак дар идораи хатари офатҳои табиӣ тасдиқ кард. Вай қайд кард, ки БОР минбаъд низ тадбирҳо дар самти  тағйирёбии иқлимро дастгирӣ мекунад ва ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин самт авлавият мебахшад.

Ин мулоқот дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», ки дар шаҳри Душанбе мегузарад, баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки таҷҳизоти радарӣ дар чаҳорчӯби татбиқи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, харидорӣ шудааст.

барчасп: