Рӯзи 8-уми июни соли 2022 тахминан соати 16:10 дақиқа навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи об намудор шудани як ҷасад дар соҳили рӯди Душанбе хабар дод.
Бино ба хабар ин ҷасад дар мавзеъи Муасисаи давлатии “Наврузгоҳ” намудор шудааст.
Бо дарёфти хабар Дастаи зудамали Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса эъзом шуд. Онҳо соати 19:40 дақиқа ҷасадро аз дарё берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Он як духтари ҷавони ба дид 18-20 –сола буд. Аммо шахсияташ номаълум.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳқиқи ҳодиса оғоз карданд. Шахсияти хонум ва сабабҳои фоҷеа таҳқиқ мешавад.
Сардори бахши Раёсати Кумита дар ноҳияи Айнӣ хабар дод, ки дирӯз, 8-уми июн соати 17:00 дақиқа дар ҷамоати деҳоти Анзоб ва ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳия ба сабаби боридани борони зиёд дар километрҳои 18, 20, 138 ва 140-и самти роҳи Айнӣ-Панҷекат лойқа ва сангу шағал фаромада муваққатан роҳ баста гардид.
Барои бартараф намудани ҳодисаи баамаломада, 2 адад техникаи муҳандисӣ аз тарафи ширкати “IRS” ва 1 адад техникаи борбардор аз ҷониби МНДРА-и ноҳияи Айнӣ сафарбар гардида, соати 18:30 дақиқа роҳ ба лойобаву сангу шағал тоза карда шуд ва ҳоло ҳаракати нақлиёт ба ду самт аз сар гирифта шудааст.
Ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисорати дигар надошт.