Боздиди навбатии генерал Назарзода аз маконҳои офатрасида дар вилояти Хатлон

– уми июни соли 2021 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода аз маконҳои офатзадаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Вахш ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дидан кард.

Сарвари КҲФ бо ҷараёни корҳои барқароркунии...

Наҷоти 9 нафар дар як лифт, ки 7 нафарашон ноболиғон буданд

Нимишабии 9-уми июни соли равон ба Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода хабар расид, ки дар маҳҳаи 4, хонаи баландошёна як лифт ба сабабҳои техникӣ аз кор мондаву дар дохили он 9 нафар, ки 7 нафарашон кӯдакон ва 2 нафари дигар модарони онҳо буданд, руст мондаанд.

Омодагии имдодгарон дар соҳилҳои дарёи Сир

Тафреҳгоҳи соҳили рости шаҳри Хуҷанд яке аз мавзеъҳоест, ки ҳамасола ҳазорон нафар ташриф оварда, истироҳат мекунанд. Ин мавзеъ як фироргоҳ аз гарморо мемонад ва баъзан чунон одамони зиёд аз гирду атроф ҷамъ меоянд, ки ҷойи поймонӣ пайдо намешавад. Мавсими гармо одамонро бештар ба соҳили обҳо меорад, вале на ҳама қоидаҳои оббозиву шиновариро медонанд.

Пешгирии аз ҳаводиси нохӯш. Санҷишҳо дар тафреҳгоҳҳои қаламрави Душанбе

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ ба хотири пешгирӣ аз хавфу хатарҳои эҳтимолӣ дар обҳо дар остонаи фасли гарм дар махзанҳои оби “Чорбоғ”, “Душанбе”, “Кӯли ҷавонон” ва “Варзоб”, ки дар қаламрави шаҳри Душанбе мебошанд, рейд гузарониданд ва омодагии ин тафреҳгоҳҳоро ба қабули истироҳаткунандагон

Наҷоти ду ноболиғи 14-сола дар оби дарёи Сир

7-уми июни соли 2021 наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд муваффақ ба наҷоти ду ноболиғ шуданд, ки яке 10 сол дошту дуюмӣ 14 сол. Ин ҳодиса дар соҳили дарёи Сир рух дод.

Навбатдорон аз ҷумла наҷотдиҳандагони Раёсат ду ноболиғеро, ки  дар қаламрави шаҳри Хуҷанд дар оби дарёи Сир ғарқ мешуданд, наҷот доданд.

Страницы