Офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти кишвар бештар аз 15 миллион сомонӣ зарар расондаву 8 нафарро ба ҳалокат расондаанд

Зарфи шаш моҳи соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 606 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миқдор 36 ҳодиса   ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо маблағи умумии 15 млн 583 ҳазору 300 сомонӣ зарар расонида, 8 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд.  Аз инҳо: 2 нафар  дар натиҷаи омадани селҳо, 2 нафар дар тарма, 2 нафар дар резиши санг ва 2 нафари дигар ҳангоми раъду барқ.

Дар ин бора лаҳзае пеш Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода иттилоъ дод.  

Генерал Назарзода, ки дар як нишасти  матбуотӣ бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, ки бар асари ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ 88 хонаи истиқоматӣ (16 хона пурра, 19 манзил қисман), 179 иншооти ёрирасон, 2 бинои мактаби таҳсилоти умумӣ ва муассисаи томактабӣ, 17 пул, 107 гектар замини кишт ва 298 км роҳи мошингард зарар диданд. 

Барои хонаводаҳои зарардида аз офати табиӣ дар шакли маводи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ва хоҷагӣ кумакҳо ҷудо ва баосебдидагони ноҳияҳо расонида шуд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин гуфт, ки мувофиқи таҳлилҳо муайян шуд, ки 42,7 дарсади селҳо дар ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Б. Ғафуров, Деваштич, Дарвоз, Нуробод, шаҳрҳои Турсунзода, Панҷакент ва Душанбе ба қайд гирифта шуданд. 19,4% тарма дар ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа; 19,4% борони зиёд дар ноҳияҳои Дарвоз, Рушон, Лахш, шаҳри Хоруғ; 8,3% сангреза  дар ноҳияҳои Мурғоб, Рӯшон ва Кӯҳистони Мастчоҳ сабт шудааст. 

Рустам Назарзода иброз дошт, ки дар ҳамин давраи соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ 299 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 38 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо зарар расида, маблағи он 111 млн 42 ҳазору 500 сомониро ташкил дода, дар ҳолатҳои ба вуқуъ омада 22 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд.

барчасп: