25 июли соли 2022 бар асари ҳарорати баланди ҳаво ва об шудани барфу пиряхҳо дар ноҳияҳои Сангвор ва Лахш сел омад ва роҳҳоро муваққатан баст. Ин офати табииӣ хушбахтона талафоти ҷонӣ надошт.
Соати 15:00 дақиқа, дар километри 250-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Ҷиргатол бинобар сабаби баланд гардидани ҳарорати ҳаво ба селроҳаи дарёчаи “Арчакпа” сел омад ва пеши роҳи дарёи Сурхобро пурра банд намуд. Дар натиҷа самти роҳи Душанбе-Ҷиргатол баста гардида, тақрибан 1,5 километр роҳро сел шуст ва инчунин 4 адад симчуб, зиёда аз 200 метр ноқилҳои барқиро корношоям кард.
Барои рафъи паёмадҳои ин ҳодиса кормандони Шуъбаи КҲФ ва Комиссияи ноҳиявӣ, хадамоти роҳ ҷалб шуда, то соати 16:05 дақиқа роҳ тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо қисман ба роҳ монда шуд.
Дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ба корҳои барқарор намудани оқибатҳои сел идома ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекнуад.
Ҳамчунин рӯзи 25 – уми июли солаи равон, соати 16:35 дақиқаи вақти маҳаллӣ боз ҳам аз гармои шадид дар ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Лоҷург сатҳи дарёчаи байни деҳа баланд гардида, оби дарё ба самти роҳ баромада, роҳҳои байни деҳаҳоро муваққатан баст.
Корҳои рафъи паёмадҳои ин офати табиӣ бо истифода аз як техникаи муҳандисӣ идома доранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба аҳолии кишвар муроҷиат менамояд. Гармои шадид боиси об шудани барфу пиряхҳо мешавад ва ин эҳтимоли омадани селҳоро дар фасли тобистон зиёд мекунад. Аз ин рӯ, ҳамеша эҳтиёт кунанд ва селроҳаву ҷӯву ҷӯйборҳои назди хонаҳо ва деҳаҳои худро тоза нигоҳ доранд.