Рейдҳо дар соҳили обҳои кишвар. Истироҳаткунандагон бояд аз қоидаҳои оббозӣ бохабар бошанд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими оббозӣ пайваста дар соҳили махзанҳои об рейдҳо мегузаронанд. Ин гуна чорабиниҳо бо мақсади санҷишу тафтиши риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар ҷараёни роҳандозии ин рейдҳо омодагиҳои хадамоти наҷот дар тафреҳгоҳҳо санҷида шуданд.

Covid-19: Қазоқистон ҷаримаи вайронкунандагони низоми худинзивоъро ба 205 доллари ИМА расонд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори мубталоён ба коронавирус дар оламро 174 миллиону 382 ҳазору 022 нафар ва фавтидагонро 3 миллиону 752 ҳазору 212 нафар эълон кард. ИМА, Ҳинд ва Бразилия ҳамоно аз зумраи кишварҳое мебошанд, ки шумори бештари мубталоён доранд.

Дар ИМА сирояти шабонарӯзӣ ба коронавирус аз 20 ҳазор

КҲФ: Аз ҳавои гарм эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон  хабар медиҳад, ки бар асари вуруди ҳавои гарму хушк аз минтақаҳои ғарбӣ дар қаламрави кишвари мо ҳавои гарм ва хушк боқӣ мемонад.

Дамои ҳаво дар водиҳо 37+42, дар ноҳияҳои ҷануб то +44 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Панҷ ғарқшудаи рӯзҳои истироҳат дар обҳои кишвар. КҲФ бо нигаронӣ ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!

Аз риоя накардани  қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ва надонистани қоидаҳои оббозӣ ва шиноварӣ дар ҷойҳои мамнӯъ рӯзҳои истироҳати гузашта 5 нафар ғарқ шуданд, ки 3 нафари онҳо бачаҳои ноболиғ буданд.

6 – уми июни соли 2021 ду бародарон аз шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ки яке 11 ва дуюми 6 сол дошт, ҳангоми оббозӣ вақти оббозӣ дар дар дарёи Сир ғарқ шуданд. Ҷасади онҳо...

Озмуни ҳарбӣ-варзишӣ баргузор шуд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҳарбӣ-варзишии ҷудо ва васлкунии босуръати автомати Калашников ва туфангчаи Макаров баргузор шуд. Дар ин озмун 37 нафар кормандони дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои наҷот ва қисмҳои ҳарбии Кумита ширкат намуданд.

Инҳо дар бахши ҷудо ва васлкунии босуръати автомати...

Страницы