МАШВАРАТ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. Чӣ бояд кард, ки ғарқ нашавем? Бахши 4

ВОЛИДОН ДАР МАВРИДИ БЕХАТАРИИ ФАРЗАНДОНАШОН ДАР ОБҲО БОЯД ЧИРО БЕШТАР ДОНАНД?

  • Як ё якуним соат пас аз ғизо хӯрдан оббозӣ кардан мумкин аст;
  • Агар ҳарорати ҳаво камтар аз +16 °С бошад, оббозӣ тавсия дода намешавад, зеро аз оби сард метавон ба ихтилоҷ рӯбарӯ шуд ва ё инсон метавонад аз ҳуш равад;
  • Дар ҳарорати +17 то +19 °С – и об ва дамои наздик ба 25 °С набояд бештар аз 10-15 дақиқа дар об буд;
  • Танҳо дар маконҳое метавон оббозӣ кард, ки бехатарии онҳо кафолат дода шудааст. Дар ҷойҳое, ки мамнӯъ эълон шудааст, шиноварӣ хатар дорад. Агар шумо дар лаби наҳред ё соҳили кӯл ё баҳр ё обанбор ва мехоҳед оббозӣ кунед, пас лозим меояд маконеро интихоб кунед, ки умқаш то 2 метр бошад. Шиноварӣ дар ҷойе, ки маҷрои об тез аст, низ хатар дорад;
  • Хуб аст, ки ҳамеша умқи макони оббозиро санҷед ва баччаҳое, ки шиноварӣ мекунанд, аз назаратон дур накунед. Бачаҳо ҳатман бояд дар наздикии соҳил оббозӣ кунанд;
  • Ҳеч вақт дар ботлоқу мурдобҳо оббозӣ накунед ва ба кӯдаконатон низ иҷозат надиҳед. Ба онҳо ҳатман фаҳмонед, ки чаро дар ин гуна ҷойҳо оббозӣ хатар дорад; 
  • Аз заврақҳо, бандарҳо, пулҳо ба об паридан мумкин нест;
  • Набояд баъди гарм шудан дар офтоб ва ё варзиш дар соҳил якбора худро ба оби сард андозед, ин метавонад боиси аз ҳуш рафтани шумо ва ё аз кор мондани дилатон шавад. Эҳтиёт кунед!
  • Ҳангоми тӯфон ва мадду ҷазр набояд оббозӣ кард.
  • Ҳаргиз тифли то панҷсоларо ҳатто дар ванна танҳо нагузоред. Вай метавонад дар камтарин об ҳам ғарқ шавад. Ҳатто ӯро зери назорати кӯдаки то 12 сола низ нагузоред. Агар бароятон хеле зарур шуд, ки ба занги телефони хона посух диҳед ё касе ба даратон омаду ба пурсишҳояш бояд посух диҳед, ҳатман тифло печонед ва бо худ гиред. Зеро миёни дар об уфтодану ҷон додани ӯ ҳамагӣ чанд сония аст.
  • Бачаҳо бояд шиноварӣ омӯзанд, вале шумо ҳаргиз бепарво набошед, ҳатто агар фарзандатон дарси шиноварӣ рафтаву омӯзиш ҳам дида бошад. Ҳаргиз интизори сигнали хатари ҳавзҳои оббозии умумӣ набошед, ин гуна зангҳо метавонанд зада нашаванд, метавонанд муддате аз кор монда бошанд. Яъне ҳамеша ба худ бовар кунед ва дар канори фарзандатон бошед.
  • МАШВАРАТ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. ЧӢ БОЯД КАРД, КИ ҒАРҚ НАШАВЕМ? БАХШИ 1
  • МАШВАРАТ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. ЧӢ БОЯД КАРД, КИ ҒАРҚ НАШАВЕМ? БАХШИ 2

Кашиши рагҳо дар об. Чанд маслиҳат

Ҳангоми оббозӣ ҳолате пеш меояд, ки раги пойҳо кашида мешаванд, ки инро бо забони илм кашиш, ихтилоҷ, рагкашӣ меноманд. Ин дарди шадид дар мушакҳо маъмулан якчанд дақиқа давом мекунад ва баъзан хеле сахту ноҳинҷоркунанда аст. Бахусус, агар инсон дар об бошад, дар ин ҳол шино барояш мушкил мешавад ва ӯро метавонад тарсу ҳарос фаро гирад.

Рагҳо аз чӣ кашиш мехӯранд?

Ин кашишхӯриҳо ҳангоми оббозӣ ғайриихтиёр ва дардовар пайдо мешаванд. Дар ин ҳолат шиновар наметавонад ба ҳаракати худ идома диҳад ва агар ҳаракат ҳам мекунад, на бо суръати қаблӣ. Агар вай дур аз соҳил бошад, хатарҳое ӯро таҳдид мекунанд. Кашиш ҳангоми шиноварӣ ин кашидани рагҳои пой  ва сусту камҳаракат кардани он аст ва дар як муддати муайян вай наметавонад худ аз худ аз миён равад.

САБАБҲО: аз ҳад зиёд таранг шудани мушакҳо, бештар аз меъёр сард шудан, шиддати эҳсосот, хастагӣ.

Пас чӣ бояд кард?

Бояд чанд қоидаро риоя намуд. 

Қоидаи аввал: ба қаъри об шино накунед! Ин бештар ба касоне дахл дорад, ки дар гузашта ҳангоми шино ба кашиши мушакҳои пой ё даст рӯбарӯ шудаанд. Чаро бояд ҷони худро дар хатар андохт?

Қоидаи дуюм: Ба воҳима дода нашавед! Сабаби асосии ҳамаи мушкилот ва бадбахтиҳо дар об назорат карда натавонистани тарс аст. Аз ин рӯ, аввалтар аз ҳама бояд худро ба даст гирифт.

Қоидаи сеюм: Таваҷҷӯҳи дигаронро ба худ ҷалб намоед. Дар ҳамаи ҷойҳои оббозӣ ғаввосони пуртаҷриба ҳастанд, ки атрофро назорат мекунанд. Ва агар шумо ҷониби соҳил дастафшонӣ мекунед, яқинан онҳо мутаваҷҷеҳ мешаванд ва ба шумо ёрӣ мерасонанд.

 

ВА БОЗ:

1.   Аз кашидани рагҳо пешгирӣ намоед. Барои ин қабл аз он ки вориди об шавед, дар соҳил машқҳои одӣ барои гарм шудани баданро анҷом диҳед ва бо ин васила шумо мушакҳоятонро омода мекунед.

2.   Ба об тадриҷан ворид шавед, то бадани шумо ба ҳарорати гуногун ба оҳистагӣ омода шавад.

3.   Дар ҳоли кашиши рагҳо талош кунед аввал поятонро аз пошна ба тарафи худ кашед. Дар аксар маврид ин метавонад барои бартараф кардани рагкашӣ ёрӣ расонад.

4.   Агар шумо ҳисс кардед, ки ҳангоми шино раги поятон кашид, ба воҳима дода нашавед, чун ин мушкили гузаранда аст. Дар навбати аввал оромиро ҳифз кунед. Баъдан талош намоед ҷойи рагкашидаро тадриҷан кашед. Барои ин нафасро нигоҳ дошта, сарро зери об кунед, бо дастонатон ангуштони пойро доред ва кафи пойро ба тарафи худ кашед.

5.   Агар рагҳои мушаки пой кашиш хӯрда бошанд, зуд бо нохун ба онҳо халед ва дард метавонад боиси бартараф гардидани кашиш шавад.

6.   Ба об дар ҳоли сархӯшӣ аз нӯшокиҳои спиртӣ ворид нашавед.

7.   Агар кашиши рагҳо барои шумо зуҳуроти ҳамешагӣ шуд, пас тавсия медиҳем, ки ба духтур муроҷиат намоед.

 

Таҳияи Б.Шафеъ.