Анҷоми давраи омӯзиши барои сардорони ситодҳо дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ

Рӯзҳои  13 - 15 июли соли 2022 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сардорони ситодҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании  вазорату кумитаҳо ва идораҳо давраи кутоҳмуддати омӯзишии ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  гузаронида шуд.

Дар ин давраи курси омӯзишӣ, як гурӯҳи таълимӣ бо шумораи 17 нафар шунаванда аз вазорату кумитаҳо ва мақомотҳои низомию қудратӣ ҷалб карда шуданд.

Курси мазкурро сардори Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита   полковник Сафарбек А. ифтитоҳ намуда, доир ба мақсад ва моҳияти он ба иштирокчиён маълумот дод.

Мақсади баргузории давраи омӯзишӣ баланд бардоштани  сатҳи донишу малакаи ҳайати роҳбарикунанда, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва тарзи дурусти истифода аз қувваю воситаҳо аз ҷониби сардорони ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании  вазорату кумитаҳо ва идораҳо буд.       

Машғулиятҳои таълимӣ аз рӯи “Барномаи таълимӣ оид ба омӯзиши ҳайати роҳбарикунанда дар ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ” сурат гирифт ва дар он ба шунавандагон доир ба  “Санадҳои меъёрӣ  ва ҳуқуқӣ оид ба соҳаи ҳолатҳои фавқулодда  ва мудофиаи гражданӣ”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  мудофиаи гражданӣ” “Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи  хусусияти табиӣ ва техногенӣ”, “Пешгири ҳолати фавқулодда  ҳамчун  як самти асосӣ ҷиҳати паст кардани  хатари офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо”, “Ӯҳдадориҳои  вазифавии  ҳайати роҳбарикунандаи  вазорату кумитаҳо, ташкилоту  иншоотҳои  иқтисодӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода”, ”Воситаҳои ҳифзи инфиродӣ  ва дастаҷамъӣ”, ”Ташкили расонидани  ёрии аввалини  тиббӣ  ба зарардидагон  ҳангоми ҳолатҳои фавқулода”, ”Ташкил ва гузаронидани  тамринҳои  сейсмикӣ, сел, сухтор, ҳодисаҳои садамавӣ ва ҳолатҳои нохуш”, “Амали шахсони  масъули  муассисаҳои таълимӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода”, “Таърих  ва рушди мудофиаи гражданӣ”, “Комиссияи эвакуатсионии ҶТ”, Тартиби ташкил  ва гузаронидани чорабиниҳои эвакуатсионӣ”, “Комиссияи  устуворгардонии  фаъолияти соҳаҳо  ва иншоотҳои  иқтисодии ҶТ дар ҳолати фавқулодаи замони осоишта ва давраи ҷанг”, “Тартиб ва коркарди  ҳуҷҷатҳо” ва дигар мавзуъҳо дарсҳо гузаронида шуданд

Машғулиятҳои таълимӣ бо усули  лексионӣ,  рӯнамоӣ, наворҳои видеоӣ, ба тарзи  интерактивии  таълим  яъне суолу ҷавоб  ва овардани мисолҳо баргузор гардид. Инчунин, дарсҳо дар синфхонаи ҳифзи шаҳрвандӣ ва синфхонаи тиббӣ ба тариқи амалӣ гузаронида шуд.  

 

А.Сафарбек, Сардори Маркази ҷумҳуриявии

таълимӣ-методии Кумита, полковник.

барчасп: