Корҳои таблиғотӣ дар соҳили “Баҳри тоҷик”

Аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании НАЗДИ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  дар шаҳри Гулистон баҳри таъмини бехатарии сокинону меҳмонон, ки барои истироҳату фароғат соҳили "Баҳри тоҷик" обутобгоҳи Сайёд омадаанду хурду калон бо шиноварӣ машғуланд аксияи "Саломатӣ- гавҳари ноёби инсон!" ташкил ва гузаронида шуд.

COVID-19: Як таҳлилгари чинӣ хостори баргузории зинаи дигари санҷиши насаби SARS-CoV-2 дар қаламрави ИМА шудааст

Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 178 миллиону 207 ҳазору  776 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун 3 миллиону 858 ҳазору 077 нафар ҷон бохтаанд. Танҳои шабонарӯзи гузашта боз 187 104 нафар сироят шуда, 4 911 нафар фавтиданд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ИМА, Ҳинд ва Бразилияро се кишваре медонад, ки аз ҳама бештар мубтало ба коронавирус доранд.

Нақшаи ҳамкориҳо миёни КҲФ ва ЮНИСЕФ имзо шуд

18 – уми июни соли 2021 дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Нақшаи ҳамкориҳои муштараки таҳкими омодагиҳо ва вокунишҳо ба ҳолатҳои фавқулода, мусоидат ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва мутобиқ шудан ба тағйири иқлим...

Наҷоти навзоде, ки дар қуттӣ дар рӯди Ганг шино мекард

Як қоиқрон дар иёлоти Уттар-Прадеш, воқеъ дар шимоли Ҳинд муваффақ ба ин шудааст, ки як навзоди духтарро, ки дар дохили як қутии чӯбӣ дар оби дарёи Ганг шино мекард, наҷот диҳад. Ин қоиқрон, ки аз ӯ Голлу Ҷаудҳар ном бурда мешавад, гуфтааст, ки гиряи ин тифли 21-рӯза ӯро водор кард, ки ба самти қутии чӯбӣ заврақ ронад ва онро ба соҳил кашидаву наҷот диҳад.

Маҳфили адабӣ дар Қисми ҳарбӣ. Меҳмонон ба сарбозон аз Ваҳдат гуфтанд

Дар толори китобхонаи қисми низомии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо гурӯҳи тарғиботчиён ва адибон Исломҷон Раҳимов, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети забонҳои шарқӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров , Фарзонаи Зарафшонӣ, шоира, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Гулистони дониш”, Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон ва Фаридуншоҳ Абдуллоев, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо

Страницы