Қадршиносӣ барои наҷоти шахсе, ки ғарқ мешуд

27 июли соли 2022 бо дастури Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудоифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сармутахассиси чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе Ҷунайдулло Ализода барои наҷоти шахси ғарқшуда бо медал ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуд.

Мукофотро дар вазъи тантанавӣ муовини Раиси Кумита полковник И.Иброҳимзода тақдим намуд.

Маврид ба ёдоварист, ки 24 июли соли 2022 соати 18:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ ҳангоми навбатдорӣ дар соҳилҳои канали дериватсионӣ дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шоҳиди ғарқ шудани як мард шуданд.

Сармутахассиси мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолии Раёсат Ҷунайдулло Ализода худро ба оби пурхурӯши канал ҳаво дод ва ба ёрии он мард шитофт. Вақте ба мард расид, ӯ дигар маҷоли ҳаракат надошт ва зери об ғарқ мешуд.

Бо тамоми қувва ғарқшавандаро ба соҳил кашид ва ҳамроҳ бо ҳамкорон ба вай нафаси сунъӣ доданд ва ёрии аввалияи тиббӣ расонданд.

 Маълум шуд, ки ӯ 51 сол дошта, сокини ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон будааст. Онҳо чор нафар дар ҷойи барои шиноварӣ мамнуъ оббозӣ мекарданд.

Сабаби асосии ғарқ шудан надонистан ва ё риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ва шиноварӣ дар макони мамнуъ буд.

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумита Ҷунайдулло Ализодаро ба муносибати сазовор шудан ба медал ва туҳфаҳои хотиравӣ, ки қадршиносии ҷасорат ва тайиди вижагиҳои шахсии ҳамкорамон мебошад,  табрик мегӯянд.

барчасп: