Санҷиши лагерҳои тобистона

Дар асоси Нақша- чорабиниҳои КҲФ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2021, ҷиҳати иҷрои бандҳои Нақша-чорабиниҳо оид ба «Риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба мавсими оббозӣ дар соли 2021», аз ҷониби афсарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, Дастаи махсуси зудаамали...

Ситоди ҷумҳуриявӣ ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болоро ҳатмӣ эълон кард

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат муроҷиат карда, онҳоро ба иҷрои ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоӣ, инчунин ба истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои қамъиятӣ даъват менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

АЗ ДОНИШНОМА. Фурӯ рафтани бозори Басмани Москав, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳалок шуда буданд

Бозори Басман (то соли 1994 бозори Бауман) як бозори бузург дар кӯчаи Баумани ноҳияи Басмани пойтахти давлати Русия шаҳри Москав буд, ки аз соли 1975 то соли 2006 фаъолият кард. Субҳи рӯзи 23-уми феврали соли 2006, соати 05:20 дақиқа  боми он фурӯ рафт ва дар ин ҳодиса 68 нафар ҷон бохтанд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Русия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд. 33 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Муаррифии низоми мониторинг ва огоҳии қаблӣ дар кӯли Сарез (ВИДЕО)

2 июли соли 2021 бо мақсади навсозӣ, такмил ва тавсеаи низоми огоҳсозӣ ва мониторинги кӯли Сарез дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии низоми мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ барои кӯли Сарез  баргузор гардид.

Вохурии судманд дар Суғд

Баҳри таъмини солимии ҷомеа ва пешгирии паҳншавии бемории коронавирус бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарўза тадбирҳо андешида шуда истодаанд.

Бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавируси СOVID-19 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.

Страницы