2-уми моҳи августи соли 2022 соати 19:45 дақиқа дар натиҷаи борони кутоҳмуддат дар деҳаи Пилдони ҷамоати деҳоти Пилдони миёнаи ноҳияи Лахш сел омад.
Сел ба чор замини наздиҳавлигии сокинони деҳа зарар расонда, 300 метр роҳро шуст. Талафоти ҷониву харобиҳои дигар ба қайд гирифта нашудааст.
Барои роҳандозии корҳои рафъи паёмадҳои офат ва муайян намудани ҳаҷми зарари расида дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Лахш фаъолият дорад.
2 августи соли 2022 соати 23:25 дақиқа ба қисми навбатдорӣ хабар доданд, ки дари хонаи як сокини кӯчаи Асадулло Ғуломов М-1 баста шудаву соҳиби хона наметавонад вориди манзилаш шавад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ду кӯдаки ноболиғ дар хона танҳо мондаанд.
Дастаи имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарро боз карданд.
Тифлони соҳиби хона ба кумаки тиббӣ ниёз надоштанд.