Якуми августи соли 2022 бинобар сабаби баланд гардидани дамои ҳаво сатҳи оби дарёи Сурхоб аз меъёр баланд шуда, дар мавзеи “Бурҷон”-и ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт маҷрояшро дигар намуд ва қисмати поёнии роҳи автомобилгарди маҳаллии Сарипул-Аскалонро дар километри 3-юм қисман шуста хароб намуд. Дар натиҷа 70 метри роҳи зикршуда 10-15 см фурӯ рафта, дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтааст..
Тарқишҳои дар паҳнои роҳ аз ду тараф пайдо шуда 4-10 см-ро ташкил додааст, инчунин аз қисмати болои роҳ дар ин мавзеъ ба дарозии зиёда аз 150 метр низ тарқиш пайдо шудааст, ки дар боришоти оянда хатари фаромадани ярч таҳдид мекунад.
Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия дар ҷойи ҳодиса барои бартараф намудани паёмадҳои ин рӯйдод фаъолият дорад.
Айни замон роҳи мазкур танҳо барои мошинҳои сабукрав боз аст.
**** ***** *****
Чуноне пештар ҳам хабар дода будем, рӯзи 22 июли соли 2022, тахминан соати 12:00 як сокини 26-солаи ноҳияи Синои пойтахт ҳангоми шиноварӣ дар соҳили чапи дарёи Вахш, дар ҳудуди деҳаи Сари Пули ноҳияи Кушониён ғарқ шуда буд.
Ҷасади номбурда танҳо рӯзи гузашта аз ҷониби Дастаи зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳудуди деҳаи Қумдон, яъне 30 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо шуд.
Ҷасадро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таҳқиқи сабабҳои марг ҷавони 26-сола супурданд.
**** ***** *****
Рӯзи якуми августи соли равон соати 06:20 дақиқа дар километри 32-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомошинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер”, ки аз ҷониби як сокини шаҳри Ваҳдат идора мешуд ва аз Хуҷанд ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, ба як мошини боркаши тамғаи “Дулан” бархурд.
Мошини Дулан мутааллиқ ба як сокини шаҳри Душанбе будааст.
Ронанда ва мусофири он бо ҷароҳати ҷисмонӣ ба беморхонаи ноҳияи Варзоб интиқол дода шуданд.
Сабаби садамаро мақомоти БДА тафтиш мекунанд.