Мулоқот бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Бонки умумиҷаҳонӣ мулоқоти Раиси Кумита, генерал-полковник Рустам Назарзода бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ бо сарварии Сармутахассис оид ба идораи ҳолатҳои буҳронӣ ва офатҳои табиӣ дар сатҳи меъёрҳои байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Адолфо Симаз баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои алоқаманд ба идомаи сохтмони Маркази миллии таълимӣ барои омода намудани наҷотдиҳандагон, бунёди маркази тайёр кардани ғаввосон, Маркази кинологӣ, идомаи бунёди маркази идораи ҳолатҳои буҳронӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва оғози сохтмони ин марказ дар ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин масъалаҳои ташкили тамринҳо, давраҳои омӯзишӣ ва семинарҳо барои кормандони КҲФ низ баррасӣ шуданд.

Ҷаноби Симаз барои истиқболу пазироии гарм изҳори сипос намуд ва зикр кард, ки Кумита дар пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ корҳои самарабахшеро анҷом додааст. Вай ба рушди минтаъдаи ҳамкориҳо миёни Бонки умумиҷаҳонӣ ва КҲФ Тоҷикистон изҳори умед кард. 

Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи дурнамои ҳамкориҳо табодули афкор намуданд, ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои барои ҷонибҳо муфид низ гуфтугӯ карданд.

барчасп: