Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси Нақша - чорабиниҳои масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъӣ оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 рӯзи 1 – уми августи соли 2022 ҳолати экологӣ, тайёрӣ ба қабули кўдакону наврасон ва фаъолияти лагери истироҳатию фароғатии беруназшаҳрии «Шарора»-и ноҳияи Исмоли Сомониро санҷид.
Аз ҷониби намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ва Дастаи махсуси зудамали наҷот бо кўдакону наврасон ва кормандони истироҳатгоҳи мазкур машғулиятҳо ва корҳои таблиғотӣ гузаронида шуд.
Дар дидору мулоқот бо бошандагони лагери истироҳатию фароғатии беруназшаҳрии «Шарора масъалаҳои риоя намудани қоидаҳои бехатарии оббозӣ, риояи қоидаҳо ҳангоми ба саёҳат бурдагони наврасон, дуруст амал кардан дар ҳолатҳои фавқулодда, ҷобаҷогузории катҳои хоб, расонидани ёрии аввалини тиббӣ, намоиши лавозимот наҷот ва мошини махсуси наҷот, амалҳои ғаввосӣ ва ғайра мавриди омӯзишу тамрин қарор гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки истироҳатгоҳи кўдаконаи мазкур дар ҳолати хуби экологӣ қарор дошта, аз ҷониби гурӯҳи кории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе оид ба риоя намудани қоидаҳои бехатарӣ аз ҳама гуна ҳолатҳои фавқулодда корҳои таблиғотию ташфиқотӣ гузаронида, ба кўдакону наврасон китобчаҳо (буклетҳо) бо навиштаҷоти “Эҳтиёт ними ҳаёт” тақсим карда шуд.
С. Шамсизода,Сардори Раёсат,полковник.