Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар нишасти мтабуотӣ аз ҳалокати 84 нафар дар обҳои кишвар зарфи шаш моҳи охир хабар дод.
Сарвари идораи наҷоти кишвар гуфт, ки сарфи назар аз рейдҳои мунтазам, роҳандозии дидору мулоқотҳои маърифатӣ бо аҳолӣ аз ҷониби кормандони КҲФ, муроҷиатҳо тавассути телевизион ва радио, интишор гузоришу хабарҳо ва баёни қоидаҳои бехатарӣ дар сомонаи КҲФ мутаассифона, одамон ҳамоно дар обҳо ҳалок мешаванд. Ба сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ҳангоми оббозӣ дар рӯду кӯлҳои кишвар дар шаш моҳи охир 84 нафар (соли 2021 – 69) ба ҳалокат расиданд. Ҳафт нафари инҳо то 4-сола буданд, 15 нафар аз 5 то 10 сол доштанд, 24 нафар аз 11 то 16 – сола, 27 нафар аз 17 то 35 ва ёздаҳ нафари дигар болотар аз 35-сола буданд.
Генерал Назарзода ҳамчунин дар бораи мавзеъҳои хатарнок дар қаламрави кишвар омори ҷадид ироа кард. Вай гуфт дар ин шаш моҳи сипаришуда аз ҷониби сохторҳои дахлдори Кумита дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташхиси минтақаҳои осебпазир гузаронида шуд.Муайян гардид, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ 1209 мавзеъҳои хавфнок вуҷуд доранд, ки дар ҳудуди онҳо 72 ҳазору 629 хоҷагӣ ва 391 ҳазору 304 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Вай ба он таъкид кард, ки қисми зиёди ин мавзеъҳо ба селҳо ва обхезиҳо осебпазиранд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки дар қиёс ба солҳои пеш мавзеъҳои осебпазир барои аҳолӣ кам шудаанд ва сабабаш он аст, ки тадриҷан аҳолӣ аз ин гуна мавзеъҳои ба маконҳои амн кӯчонида мешаванд.
Генерал Назарзода ҳамчунин илова кард, ки бо мақсади иҷрои банди 2-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №648 «Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021-2023» рӯйхати аниқшудаи 221 хоҷагиҳое, ки дар соли 2022 бояд аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шаванд, муайян карда шуда, бо Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода аз 8 июни соли 2022 тасдиқ карда шуд. Тибқи он бояд аз ВМКБ 7 хоҷагӣ; дар қаламрави вилояти Суғд 60 хоҷагӣ; вилояти Хатлон - 88 ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 66 хоҷагӣ ба макони амн кӯчонда шаванд.