Гармои шадид дар Аврупо, обхезиву селҳо дар Осиё ва хушксолӣ дар Африқо
Чоп шуд: 21/07/2022 | redaktor
Мавҷи гармо ва сӯхтори ҷангал дар Аврупо хабарсозтарин рӯйдоди рӯзҳои ахир буд. Бахусус оташсӯзии ҷангал ва маргумир аз ин ҳодисаҳо дар сархати хабарҳои расонаҳои машҳури олам қарор гирифтааст. Мо дар бораи дамои бесобиқа дар Испания, Португалия, Юнон, Британияи Кабир ппештар матлабе интишор дода будем.
Аммо Аврупо ягона қорае нест, ки аз ҳарорати баланди ҳаво бешаҳояш оташ гиранд.