Дар Маркази таълимию методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои 28 нафар директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт семинар баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади амалӣ намудани қарори Раиси шаҳри Душанбе, No699 аз 26 декабри соли 2022 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва Нақшаи баргузории омӯзишҳо доир гардид.
Дар семинар дар атрофи масъалаҳо вобаста ба самти корӣ миёни директорони мактабҳо музокирот сурат гирифт.
Бо дарназардошти ин, дар рафти семинар суолҳо оид ба дуруст таҳия намудани ҳуҷҷатҳо дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди он аз ҳолатҳои фавқулодда баррасӣ шуданд.
Дар айни замон, мафҳуми «мудофиаи шаҳрвандӣ» кайҳо боз рамзи замони ҷанг буданро аз даст додааст ва ба як масъалаи иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Ин акунун масъалаест, ки омодагиҳо ба пешгирӣ аз ҳар гуна хатарҳои офатҳои табииро дар бар мегирад ва фаъолияти асосии он ба коҳиши хатари офатҳо равона шудааст.