Раҳоии панҷ ноболиғ дар лифти харобшуда. Ду нафарашон шаҳрвандони Туркия буданд

15 июли соли 2022 соати 19:45 вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки лифти хонаи №8, кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе вайрон шудаву 5 нафар ноболиғон, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Туркия мебошанд, дармондаанд.

Барои кумаки фаврӣ ба ҷойи ҳодиса имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе эъзом шуданд.

Суҳбат бо бошандагони лагери “Саодат” дар Шуғнон

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар доираи барномаи “Тобистони бехатар” бо истироҳаткунандагони тафреҳгоҳи тобистонаи “Содат” дар қаламрави деҳаи Барчиди ноҳияи Шуғнон вохӯрӣ гузарониданд ва дар бораи рафтор ҳангоми ҳодисаҳои фавқулода суҳбат карданд.

Ҳушдор ва тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои эҳтиёт дар фасли гарм

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар мамлакат рӯзҳои гарм фаро мерасанд. Дамои ҳаво дар тобистони имсол метавонад ҳатто болоатр аз 42 дараҷа бошад. Болоравии ҳарорати ҳаво сабабгори он шуда метавонад, ки барфи баланкӯҳҳо об шаванд, пиряхҳо низ об шаванд, пиряхҳо низ...

Донишмандон: “Марги сиёҳ” дар олам аз Иссиқ-кӯл паҳн шудааст

Донишмандони аврупоӣ эълон кардаанд, ки билохира манбаъи сирояти тоуни хиёракӣ ба минтақа дар асри XIV-ро, ки сабаби марги миллионҳо тан дар қораи Аврупо, Африқо ва Осиё шуда буд, муайян кардаанд. Бино ба гузорише, ки ахиран ВВС интишшор дод, муҳаққиқони Донишгоҳи шотландии Стерлинг, Донишгоҳи олмонии Тюбинген ва Институти физикаи ҷамъияти Макс Планки Олмон дандони одамонеро мавриди...

МАШВАРАТ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. Чӣ бояд кард, ки ғарқ нашавем? Бахши 3

Қоидаҳои бехатарӣ дар ҳавзҳои сунъӣ

  • Агар шумо дар ҳавлӣ ё бӯстсарои худ ин гуна ҳавзҳо дошта бошед, пас боз ҳам талош кунед дар онҳо кӯдакони синни томактабиро тани танҳо нагузоред. Ҳатто онҳоро дар ташти пуроби хурдакак ҳам беназорат нагузоред. Кӯдак метавонад рӯ ба об уфтад ва ғарқ шавад. Дастони вай ҳоло қуввати бардошти тана ва ҷисми ӯро надоранд, аз ин рӯ, талош ҳам кунад, барояш мушкил аст бархезад.

Страницы