Назарияи яхшиносӣ, таърих ва рушд
Яхшиносии имрӯза дар нимаи аввали асри XIX пайдо шудааст. Асосгузори назарияи яхшиносӣ Жан Луис Агасис буд. Вай соли 1839 навишт: “Инкишофи ин яхбандиҳои азим мебоист боиси нобуд шудани тамоми ҳаёти зинда дар рӯи замин мешуд. Сарзаминҳои Аврупо, ки замоне пӯшида аз гиёҳони гармсерӣ буд ва галаҳои сершумори филҳо озодона гардиш мекарданд, асбони обӣ ва гӯшхӯрони ғулпайкар дар он ҳаёт ба сар мебурданд, дар зери яхҳои беш аз ҳадде, ки даштҳо, кӯлу дарёҳо ва доманакӯҳҳоро пӯшида буд, мадфун шуданд. Аз ин ҳама танҳо хамӯшии марговар боқӣ монд. Чашмаҳо хушкиданд, рӯдхонаҳо ях бастанд ва партавҳои хуршед бар фарози соҳилҳои яхзада тулуъ кард...Танҳо бо замзамаи бодҳои шимолӣ рӯбарӯ шуд ва садои шикофҳое, ки дар васати он, дар сатҳи як уқёнуси ғулпайкар боз мешуд”.
Бештари заминшиносони он замон, ки ошноии каме бо Швейтсария ва кӯҳҳо доштанд, ин заарияро нодида гирифтанд ва ҳтто қодир ба шаклпазирии ях ҳам набуданд, чӣ расад ба тасаввури суханони Агассис. Ин ҳолат то ҳамон замоне идома кард, ки аввалин экспедитсияи илмӣ (солҳои 1853-1955) таҳти роҳбарии Илайши Кент Кейн ба Гренландияи эъзом нашуд ва яхбандии комили ҷазираро гузориш кард.
Эътирофи назарияи замони яхбандӣ таъсири амиқе ба рушди табиатшиносии муосир гузошт. Мавзӯи дигари калидӣ далели давраи яхбандии сартосарӣ ва байнияхбандӣ буд. Дар оғози асри ХХ Милутин Миланкович – риёзидон ва муҳандиси серб як назарияи математикиро тавсеа дод, ки вобастагии тағйироти обу ҳаворо бо тағйироти параметрҳои мадории сайёра тавсиф мекард ва тамоми вақти худро ба муҳосибот барои исботи эътибори назарияи худ ихтисос дод. Яъне таъйини тағйири чархаӣ (сиклӣ) дар миқдори радиатсияи хуршедии воридшуда ба Замин. Замин, ки дар фазои холӣ мечархад, давр мезанад, дар як шабакаи ҷозибаи мутақобилаи мураккаби байни ҳама объектҳои манзумаи хуршедӣ қарор дорад. Дар натиҷаи тағйироти сиклии мадорӣ (хуруҷ аз маркази мадори замин ва нишеби меҳвари замин), миқдори энергияи хуршедие, ки ба Замин мерасад, тағйир меёбад. Миланкович дар таҳқиқоти худ ин сиклҳоро пайдо кард: 100 ҳаз. сол, 41 ҳаз. сол ва 21 ҳаз. сол.
Мутаассифона, худи ин донишманд тантанаи назарияи худро амалан надид, умр барояш вафо накард ва надид, ки уқёнусшинос Ҷон Имбри (John Imbrie) назарияи илмии ӯро бо назардошти ҳама паҳлуҳои илмӣ дақиқан исбот намуд. Ва ҳамин гуна ин шохаи илм руш кард, баъдан даҳсолаҳои оянда донишмандон паҳлуҳои гуногуни илми яхшиносиро таҳқиқ карданд ва имрӯз ҳам ин гуна таҳқиқот идома дорад.
Маркази яхшиносии Тоҷикистон ва таҷрибаҳо ва хулосаи омӯзиши пиряхҳои Рама ва Зарафшон
Маркази яхшиносӣ тибқи Барномаи давлатии ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2014 дар назди Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар таъсис дода шуд. Дар айни замон Марказ фаъол аст ва 10 нафар мутахассисон дар он ба кор ҷалб шудаанд.
Онҳо новобаста ба ҳавои сарду гарм дар минтақаи кӯҳистони кишвар, мавзеҳои сербарфу доманакӯҳҳо ба омӯзиши тағйирёбии иқлим, ҳолати пиряхҳо, таркиби яхпораҳо, болову поён шудани сатҳи оби рӯдхонаҳои кӯҳӣ ва ғайра машғуланд. Идораи гидрографии экспедитсионӣ асосан соли 1956 дар ҳайати хадамоти обуҳавошиносӣ таъсис ёфтааст. Кормандони он таҳқиқи гидрографии ҳавзаи дарёҳо, омӯзиши махсуси низоми пиряхҳо, қабати барф, маҷрои об, харитасозии тарма, пешбинии сел, чен кардани барф ва захираҳои барф дар мавзеъҳои гуногуни кишвар ва роҳандозии корҳои геодезӣ дар пиряхҳоро ба ӯҳда доранд.
Ин ниҳод муайян кардааст, ки агар масоҳати умумии пиряхҳои Осиёи Миёна 1700-1800 километри мураббаъро ташкил намояд, 60-фоизи он ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтааст, ки дар қаторкӯҳҳо дар баландиҳои 3400-5240 метр доман паҳн кардаанд.
Фарқияти баландии ҳудуди хатти барфӣ дар байни нишебиҳои шимолии қаторкӯҳҳои паси Олой ва ҷанубии он дар маҳалли нуқтаи баландтарини он (қуллаи Ленин) 600 - 800 метрро ташкил менамояд. Баръакс дар қаторкӯҳҳои Помири Ғарбӣ, Язгулом, Рӯшон, Шуғнон, Шохдара хатти барфӣ дар нишебиҳои ҷанубӣ 100-200 метр нисбат ба шимоли онҳо баланд аст.
Ҳар сол кормандони ин Марказ таҷрибаҳои зиёд мегузаронанд, онҳо дар пиряху дарёҳо қариб 400 рейкаҳои (ҳисобчӯбҳо) обченкунӣ насб карданд, ки аз рўи онҳо бо чархбол низ қабати барфро муайян мекунанд. Фасли зимистон тариқи чархбол ба кӯҳсор омада, мушоҳидаҳо мегузаронанд. Ҳар фасли сармо гурӯҳи экспедисионӣ дар фурудгоҳи Ғарм ҷамъ шуда, муддати чанд рӯз бо чархбол вазъи обҳои Зарафшону Яғноб, Камаров, Оби Хингоб, Қизилсу, Ёхсуро месанҷанд. Мушоҳидаҳои онҳо аз ҷониби хадамоти обуҳавошиносӣ дар арзёбии вазъи ҳавои кишвар истифода мешавад ва натиҷаи ин таҳқиқоти пажӯҳишҳо дар маърӯзаҳои тадқиқотӣ дарҷ мешаванд. Онҳо бо ҳамроҳии кормандони институти географии Академияи илмҳои СССР дар таҳияи маҷмӯаи илмии пиряхҳои бузург саҳми муносиб гузоштаанд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ Экспедитсияи 3-юми байналмилалии баландкӯҳи Помир дар доираи Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2030 амалӣ мешавад. Дар ин экспедитсия мутахассисон аз Донишгоҳи Idaho, ИМА, Комиссияи геодезӣ ва глясиологии Академияи илмҳои Бавария Олмон, Академияи илмҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон ширкат меварзанд. Экспедитсияи мазкур нақша дорад, ки татқиқотҳои геологию гидрологӣ барои омӯзиши таъғирёбии иқлим, равандҳои гидрологӣ ва фаъолияти инсон дар ҳавзаи дарёи Ому ва инчунин дигар ҳавзаҳои дарёҳои Осиёи Марказӣ дар гузашта, ҳозира ва оянда дар асоси маълумотҳои ба дастовардашуда инчунин ҳамгироии моделсозии физикию математикиро ба роҳ монад.
Раванди корҳои тадқиқотӣ нишон доданд, ки пирях ба шиддат об мешавад. Аз рӯи маълумотҳои ҷамъоварда маълум гардид, ки дар давраи аз соли 1988 то 2019, яъне муддати бештар аз 30 сол аз рӯи ҳисобҳои миёна забонаи пирях 2,62 км пас рафтааст. Яъне, ҳар сол ин пирях 85 метр об шудааст. Қисми чапи соҳилии забонаи пирях, ки назар ба қисми рости он 510 метр поён омада буд, пурра об шудааст. Айни замон забонаи пиряхи Рама шакли классикиро гирифта, дар дохили дара, дар масофаи 2,62 км дур аз Репери 3 (Репер- геод. нишонае, ки барои муайян кардами сатҳи ягон нуқтаи замин хизмат мекунад) ҷой гирифтааст.
Забонаи пиряхи Преображенский – шохаи рости пиряхи Рама аз он ҷудо шуда, 150 – 180 метр ақиб нишастааст ва ҳамчун пиряхи мустақил ҳисобида мешавад. Танҳо дар қисмати чапи пиряхи Преображенский шохаи яхине мавҷуд аст, ки ҳарду пиряхҳоро пайваст мекунад. Дарозии девораи он 180 метр буда, бараш ба 70 – 90 метр мерасад. Майдони яхи обшудаи забонаи пиряхи Рама аз рӯи мушоҳидаҳои соли 1988 тақрибан 7,14 ҳазор м2-ро ташкил мекард. Майдони яхи обшудаи забонаи пиряхи Рама дар соли 2019, инчунин тибқи мушоҳидаи визуалии соли 2009 ба 409 ҳазор м2 расидааст. Аз рӯи малумотҳои техникӣ ҳаҷми яхи обшуда дар давраи 1988 то 2019 ба 8,18ҳазор м3 баробар аст.
Бо чунин суръати баланд об шудани пиряхи Рама ва ҷудошавии шохаи рости он – пиряхи Преображенский ба он маъност, ки болои забонаи пиряхи Рама пурра бо морена (тӯдаи пораҳои чинсҳои кӯҳӣ ва сангҳо, ки аз болои кӯҳ ба воситаи ҳаракати пиряхҳо сарозер мешавад) пўшида шуда, бо девораи чап боло то дара идома ёфтааст. Майдони морена 500 метр дарозӣ ва бараш то 80 – 140 метр мерасад. Таъсири нурҳои рости радиатсионии офтоб ва ҳарорати баланд сангпораҳои дар болои моренабударо гарм намуда, раванди гармшавии сатҳи болоии пиряхро тезонидааст.
Манбаъ: Сомонаи Агентии ҳавошиносӣ.