Наҷоти 7 нафар дар як лифти харобшуда. Дар дувуним сол имдодгарони Кумита 63 нафарро дар лифтҳои вайрон наҷот додаанд

1 – уми октябри соли 2021 як сокини шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад ва хабар дод, ки дар як бинои бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Синои пойтахт лифт аз кор мондаву дохили он 7 нафар мондаанд ва ҳеч илоҷи баромадан надоранд.
Дастаи имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Диққат: Озмун!!!

Телевизиони «Баҳористон» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо, бахшида ба Рӯзи байналмилалӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, ки ҳар сол  - 13 октябр ҷашн гирифта мешавад, Озмуни телевизионии расмҳои...

Шумори олудагон ба Covid-19 дар ҷаҳон ба 234 миллион наздик шудааст

То 30 сентябри соли 2021 дар олам 233  миллиону 989 ҳазору 715 нафар олудаи  Covid-19 шуданд в атанҳо шабонарӯзи гузашта ба ин ҷамъ боз  449 118 нафар пайвастанд. Шумори фавтидагон аз ин вирус дар олам ба 4 миллиону 786 ҳазору 993 нафар расида  ва зарфи 24 соати гузашта 8 278 нафарн ҷони худро аз даст доданд. Аз муолиҷаи пурраи 210 миллиону 799 ҳазору 420 нафар хабар дода мешавад.

Поёни як давраи омӯзишии дигар барои кормандони КҲФ

Мувофиқи Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода дар соли 2021 рӯзҳои 29-30 сентябри соли 2021 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ дарсҳои омӯзишб барои роҳбарон ва шахсони масъули марказҳои таълимии ВМКБ, вилоятҳои Сугд, Хатлон, шаҳри Душанбе, ҳамчунин гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ва Кӯлоб баргузор шуд.

ДОНИСТАНИҲО ДАР БОРАИ ТӮФОН. Бахши дуюм. Се тӯфони харобкори таърихи муосир

Тӯфони Катрин (анг. Hurricane Katrin) – яке аз бузургтарин фоҷеаҳо ва фалокатҳои табиӣ дар ИМА будааст. Ин тӯфон, ки дар соли 2005 рух дод, бахше аз каронаҳои амрикоии халиҷи Мексик аз Орлеани нав дар иёлоти Луизана то иёлоти Алабамаро фаро гирифт ва ба вайронӣ кашид.

29 августи соли 2005 ин тӯфон аз баҳр ба хушкӣ расид ва боиси марги...

Страницы