Ташаббуси Тоҷикистон. Соли ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо. Бахши сеюм

Ҳамчуноне пештар ҳам иттилоъ дода будем, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

 

Пиряхи ЗАРАФШОН

Охирин корҳои экспедитсионӣ дар пиряхи Зарафшон 17-уми июли соли 2009 гузаронида шуда буд. Дар давраи мушоҳидаҳо аз нуқтаи назоратии “Б” (репер) то сарҳади забонаи пирях ба 1100 м расида, се нуқтаи гузариш барои ченкунӣ дар майдони “яхи мурда” ҷойгир буд. Қисми забонаи пирях, ки бо ҷинспораҳои кӯҳӣ “морена” пӯшида шудааст, ҷудо шуда, дар канори рости пирях ҷойгир буд. Девори қисми ҷудошуда то 180 – 200 м мерасид. Аз рӯи ҳисоботҳо масоҳати майдони “яхи мурда” 385,4 ҳазор м2-ро ташкил намуда, ҳаҷмаш ба 11562,0 м3 мерасид.

Ҳангоми гузаронидани корҳои экспедитсионии 19 октябри соли 2019 муайян карда шуд, ки майдони яхи мурдаи аз пирях ҷудошуда дар давоми даҳ соли охир пурра аз байн рафтааст. Сарҳади забонаи пирях аз сарҳади пешинаи худ, ки дар солҳои 1979,1991 ва 2009 ба қайд гирифта шуда буд, ба ҳисоби миёни 1700 м қафо нишастааст. Сарҳади кунунии забонаи пирях дар байни дараи Фараҳноб ва дараи Назайрайлоқ ҷойгир аст. Мувофиқи ҳисоботҳо дар давоми 40 сол 1700 м майдони пирях об шудааст. Суръати обшавии пирях аз рӯи майдони обшудаи “яхи мурда” дар ҳама паҳлўҳо ба 43 м/сол мерасад.

Расмҳо: Пиряхи Зарафшон дар солҳои 1979, 2009 ва 2019

Қисмати даҳанаи (грот аз итол.grotta – шакли рӯизаминии релйеф, ғори уфуқии камумқ бо сақфи тоқдор ва вурудии васеъ) пирях аз рӯи мушоҳидаҳои соли 2009 дар нуқтаи марказии забонаи пирях ҷойгир буд.  Дар мушоҳидаҳои соли 2019 маълум гардид, ки даҳанаи пиряхи Зарафшон ба тарафи рост кӯчида дар 180–200 м аз девори рости забонаи пирях ҷой гирифтааст.

Қабати болоии қисми забонаи пирях пурра бо “морена” (анг. moraine – хурдасангҳо ва маводи дигаре, ки ба иллати ҷобаҷоии пиряхҳо барҷой мондаанд) кӯҳӣ пӯшида шудааст. Болои забонаи пирях барои ченкунии дақиқ тамоман касногузар буда, пур аз тарқишҳои дорои 80–100м дарозӣ ва бараш то 30м иборат аст. Умқи  тарқишҳо то 8 – 10м расида, нишебии пирях то теғаи охирин ба 25-350 баробар аст.

Мутахассисон баин натиҷа расидаанд, ки пиряхи Зарафшон  ба шиддат коҳиш меёбад. Майдони яхи обшуда бо дарназардошти яхи мурдаи тарафҳои чапу рости соҳил аз рӯи мушоҳидаҳои  солҳои 1979, 1991, 2009 ва 2019 ба 1,34км2 мерасад. Майдони обшуда ба  2,04 км2 баробар аст. Дар мавриди коҳишёбӣ ва пасравии забонаи пирях тарқишҳои зиёд, фуруравиҳои зиёд ва кӯлчаҳои дар болои қисмати забона ва ҳам балотар аз он шаҳодат медиҳанд. Аз рӯи ҳисоботҳо гуфтан мумкин аст, ки дар давоми даҳсолаҳои оянда шохаи рости пиряхи Зарафшон - пиряхи Скачкова канда шуда, ҷудо мешавад.

 

ПИРЯХИ ГАРМО

Гармо пирях дар болооби дарёи Хингоб, дар байни қаторкўҳҳои Пётри 1, Академияи фанҳо ва Дарвоз ҷойгир аст. Аз 4 шохаи калони мураккабу хўрҷинмонанди морфологӣ (Липский, Беляев, Вавилов ва Шокалский ) таркиб ёфта, дарёҳои водиҳои Вахё ва Ванҷро сероб мекунад. Дарозиаш 30,4 км, бараш то 2 км, масоҳаташ 114 км2 мебошад.

Баландии минтақа ва зиёд будани миқдори боришот сабаби пайдо шудани пирях гаштаанд. Миқдори боришоти солона 1800 см (дар баъзе маҳалҳо бештар). Манбаи захирааш – боридани барф ва тармаҳои хобида. Таҳқиқоти солҳои охир собит менамоянд, ки ҳаҷми баъзе пиряхҳо хурд мешаванд. Аз хатти барфӣ поинтар фуромадани забонаи пиряхҳо аз ин шаҳодат медиҳанд.

Аз ҷумла, пиряхи Гармо аз хатти барфӣ то баландии 2800 – 3000 поин фуромадааст. Қисми поёнии Гармо бо моренаҳо (таҳнишастаҳои пиряхӣ) пўшида шуда, пастию баландиҳо ва кўлчаи бисёре пайдо намудааст. Қуллаи баландтаринаш – 6595м. мебошад.

Омӯзиши пирях солҳои 1940 шуруъ гардидааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки пирях дар ҳолати кам шудан аст. Аз соли 1940 то 1957 то 2,6 м ҳаракат намуда, ба миқдори 2,8 км 2-и масоҳати худро аз даст дод. Баъдан дар муддати 7 сол дар ҳолати муқарарӣ қарор гирифт. Аз соли 1964 то 1976 пирях ба андозаи 240 м коҳиш ёфта, 0,31 -2 км яхи худро гум кард. Тӯли солҳои 1974-1985 бошад боз ба андозаи 96 м коҳиш ёфта, суръати обшавиаш ба 8,7 м/сол баробар шуд.

Дар солҳои 1985-1990 сатҳиболоии пирях ба миқдори то 13 м паст гардид, аз забонаи он ба масоҳати 3,5 км 2 ях ҷудо шуд, ки дарозии 3600 метрро дар бар мегирад ва ин пиряхи «мурда» ба шиддат об мешавад. Дар болои забонаи пиряхи Гармо кӯлҳои зиёд пайдо гардиданд (10 кӯл дар 7 км).

Поёни бахши сеюм.

Матолиби ин бахш бо истифода аз маводҳои сомонаи Агентии ҳавошиносӣ, шабакаи ҷаҳонии Интернет мураттаб шуд.