Дарсҳои Паём. Дар як нишаст дар КҲФ ширкаткунандагон дар бораи Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ изҳори назар карданд

7 январи соли 2023 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа бахшида ба фаҳмонидани Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президленти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор шуд.

Зикр гардид, ки Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳуҷҷати муҳимест, ки самтҳои сиёсати давлатиро дар иқтисод, иҷтимоъ, рушди саноат, маориф ва ғайраро дар бар мегирад.

Сафарбек Аваз – сардори Маркази таълимӣ-методии КҲФ зимни суханронии худ иброз дошт, ки  дар Паёми навбатӣ асосан нишондиҳандаҳои 5 соли охир мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Аз ҷумла дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.

Вай гуфт сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Аз ҷумла, соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият ёфта, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

Гуфта шуд, ки як бахши муҳими Паём ба таъмини амният ва таҳлили вазъи нобасомони амниятӣ дар олам бахшида шудааст. Пешвои миллат аз сокинони кишвар хостанд ҳушёрии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва ба муқобили ҳар зуҳуроте, ки ба амнияту субот халал мерасонад, мубориза баранд. 

барчасп: