Замин ларзид, марказ Афғонистон. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест

Тибқи маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷумҳурӣ 5 –уми январи соли равон соати 19:25 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

 Маркази зилзила 256 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон буд.

Қувваи зилзила дар маркази он 5 балл, дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: