Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба хабари навбатдори ширкати роҳи IRS хабар медиҳад, ки 8-уми январи соли 2023 дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд бар асари бориши барфи шадид ба ҳаракати мошинҳои боркаш маҳдудиятҳо ҷорӣ шуд.
Роҳ танҳо барои ҳаракати мошинҳои сабукрав боз аст. Бо мақсади вокуниши фаврӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳи ёдшуда Кумита дар минтақаҳои осебпазир, бахусус Майхӯраи ноҳияи Варзоб ва километри 72-уми роҳи Душанбе – Айнӣ, ҳамчунин роҳи мошингарди Душанбе – Ванҷ постгоҳҳои шабонарӯзӣ ташкил намуд.
Бо вуҷуди андешидани чораҳои фаврӣ барои таъмини амният дар роҳҳо хатари яхбандӣ, лағзиши тарма ва барфтӯда дар роҳҳо боқӣ мемонад.
Кумита ба такрор ба ронандагон, бахусус онҳое, ки ин шабу рӯз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, тавсия медиҳанд:
- чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунед, системаи гармкунии мошинро бадиққат санҷед. Пеш аз сафар бо худ қисмҳои эҳтиётии заруриро бигиред, бахусус лампаҳои равшанидиҳандаро барои эҳтиёт дошта бошед;
- дар бордони мошинатон бояд ҳатман сару либоси гарм, фонус, бели хурди сафарӣ, банд барои кашидани мошин, сӯзишвории эҳтиётӣ, гӯгирд, термос бо оби гарм дошта бошед.
АГАР МОШИНИ ШУМО БО НУҚСИ ТЕХНИКӢ ДАР РОҲ МОНД:
- то расидани кумаки фаврӣ дар дохили мошин бимонед, салони мошинатонро ҳар сари чанд вақт бо воситаи дастгоҳи шамолдиҳии он шамол диҳед, ҳаворо тоза кунед. Ба атрофатон диққат диҳед: оё дар надикиҳо касе ҷабрдида нест? Агар бошад ҳатман кумак расонед.
- КҲФ ҳамчунин огоҳ мекунад, ки бар асари бориши барф эҳтимоли халалдор шудани интиқоли қувваи барқ ба миён ояд, эҳтимолан симчӯбҳо ва симҳои интиқоли барқ тавони вазни барфи вазнинро накунаннд ва чаппа шаванд. Эҳтимоли он ҳам вуҷуд дорад, ки шохи дарахтон зери бори гарони барф бишканад ва роҳро муваққатан бандад.
КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни зарурати таъҷилӣ маҳдуд намуда, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин барои пешгирӣ аз эҳтимоли омадани сел ҷӯйборҳоро тоза намоянд, ҳангоми истифода аз бухориҳое, ки бо ангишт гарм мешаванд, қоидаҳои бехатариро риоя кунанд!
ЧАНД ТАВСИЯИ МУҲИМ БАРОИ СОКИНОН ДАР ИН ФАСЛИ САРД:
- Дар манзилҳои истиқоматии худ, новобаста ба он ки шумо соҳиби ҳавлиед ва дар биноҳои баландошёна зиндагӣ мекунед, барои гармии ҳарорати ҷойи истиқомати худ талош намоед. Агар системаи гармидиҳӣ дар хонаҳои шаҳрии маҳалли истиқомати шумо фаъол бошад, талош кунед батареяҳои манзилатон бенуқс кор кунанд, то ҳарорати хона муътадил бошад.
- Дар хона бояд гармӣ ба ҳадди лозим бошад, то сардии ҳаво ба шумо ва аҳли хонадонатон таъсир накунад ва аз бемориҳое, ки бар асари сардӣ сар мезананд, эмин бошед.
- Аз истифодаи асбобҳои барқии дастсохт ва обгаркунҳои дастсохт худдорӣ намоед. Ин гуна таҷҳизот маъмулан хатар доранд ва барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш хуб мешавад, ки аз истифодаи онҳо даст кашед.
- Ҳангоми шамоли сахт талош кунед ҳаргиз зери дарахтону сутунҳои сустниҳод ва симчӯбҳои барқӣ наистед. Ин хеле хатарнок аст. Эҳтиёт кунед!
- Шумо доим бояд ба ин бовра бошед, ки ҳавоноти хонагии шумо дар ҷойи гарму амнанд, барояшон ба қадри кофӣ захираи ғизо доред. Модоме дар хона ҳайвони хонагӣ нигоҳ медоред, пас масъулед дар бораи ғизои онҳо низ андешед.
ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода бо шумораҳои телефонҳои зерин ба қисми навбатдории кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бахшҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии он занг занед ва аз мушкили ба саратон омада хабар диҳед:
Навбатдори масъул дар Кумита: 112, 221-91-19, 223-13-11, 93 880 28 19.
Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе: 225-44-62, 225-44-76
Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:
- (83139) 2-60-74;
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:
- (83222) 2-35-05, 2-78-28;
Шуъбаи КҲФ дар шарҳи Кӯлоб:
- (83322) 21656, 21657
Раёсати КҲФ дар ВМКБ:
- (83522) 2-40-57, 22744;
Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:
- (83422) 51555, 57995