Генерал Назарзода хостори риояи бечунучарои интизоми ҳарбӣ ва хидматӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шуд
Чоп шуд: 10/10/2017 | admin
Генерал-лейтенант Рустам Назарзода-Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори риояи бечунучарои интизоми ҳарбиву хидматӣ дар Кумита шуд. Рустам Назарзода, ки ахиран дар ҷаласаи коллегияи Кумита оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳа дар ҳузури ҷамъе аз роҳбарони раёсатҳо ва шуъбаҳову сарварони Ситодҳо ва