Ҳаракати мошинҳо ба дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз сар гирифта шуд

Ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз сар гирифта шуданд. Сухангӯи  ширкати Innovative Road Solutions (IRS) Далер Абдулло дар суҳбат ба хабаргузории “Авесто” гуфтааст, ки субҳи имрӯз ҳаракати мошинҳо ба самти Хуҷанд оғоз шуданд. Ин ширкат 30 адад техникаи барфрӯбӣ ва роҳкоркунии худро барои тоза кардани роҳҳо аз барф ва ях, ҳамчунин осори тарма дар қитъаҳои ҷудогона равона кардааст. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Хатари тарма идома дорад!

Горы

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 30-уми январ то 3-уми феврали соли 2017 боришот идома ёфта, дар маҳалҳои куҳӣ боридани барфи тар интизор меравад.  
Дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе – Ҷиргатол, Душанбе-Рашт, Душанбе-Тавилдара, Душанбе-

Мулоқоти Рустам Назарзода бо Сафири Белорус Олег Иванов

Намояндагони Тоҷикистон ва Белорус дар наздиктарин фурсат барои баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар мавриди коҳиши хатари офатҳо бо ҳам мулоқот хоҳанд кард.
Ин мавзуъ баъди зуҳри имрӯз, 30-уми январ дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва  Сафири Фавқулода ва Мухтори

КҲФ: агар ба Шумо ҷони худ ва наздикон азиз бошад, аз сафар намудан ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоед!

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар дода буд, ки аз аз 28 то 30 январи соли ҷорӣ эҳтимолияти лағзиши тарма дар навоҳии  ВМКБ, қаторкуҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим  боқӣ мемонад
Ҳамин тавр 28 январи соли 2017 дар шоҳроҳи Ишкошим-Хоруғ, Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол ва махсусан дар шоҳроҳи

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Хатари тарма ҳамоно таҳдид мекунад!

Бар асари роҳандозии корҳои наҷот дар шаби 28 ба 29-уми январ наздик ба 500 нафар одамон ва 30 мошини боркашу 60 мошини сабукрав дар шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд аз муҳосираи тарма ба макони амн интиқол дода шуд. Як нафар бенишон ғайб задааст.
28-уми январи соли 2017 бар асари 40 мавриди лағзиши тарма дар километрҳои аз 51 то 71 – уми шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд ҳаракати мошинҳо масдуд шуд ва бештар аз 100 мошин дар

Страницы